Санаи 06.03.2024 сол дар суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҷлил гардид, ки дар он роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Сино иштирок доштанд. Дар маҷлиси тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бонувони судро табрик карда, бо мукофотҳо қадрдонӣ кардаанд.

Бонувони оликадр, ҳамкорони гиромӣ!

Бо изҳори самимият фарорасии Рӯзи мубораки «Модар» — ро ба Шумоён бонувону модарони азиз самимона шодбош гуфта, хушиҳои умр, саодату иқболи баланди зиндагиро таманно менамоям.

Боиси хушнудист, ки фарорасии баҳори оламафрӯз ба Иди модарони азиз рост меояд, зеро зан — модар рисолати зебоӣ дошта, ҳамаи покизагӣ, фатҳу кушоиш ва меҳру муҳаббат аз дастони пурмеҳраш оғоз мегардад.

Зан — модар рамзи меҳрубонӣ, муносибати нек ва муҳаббати пок мебошад.

Зиндагии инсон бе вуҷуди занону модарон маъно надорад. Бинобар ин, занону модаронро чароғи хонадон, фариштаи рӯи замин, тарбиятгари инсон ва сарчашмаи ҳаёт мегӯянд.

Дар он идора ва муассисае, ки занон бо мардҳо дар як саф истода фаъолият мекунанд, ҳисси баланди масъулияти хизматӣ, интизоми меҳнатӣ ва самаранокии нишондодҳои корӣ таъмин аст.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба болоравии мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ҳамаҷониба мусоидат намуда, таъкид намудаанд: «Ҷомеае, ки ба зан — модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад».

Бо мақсади татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар мақомоти судии мамлакат ҷиҳати дастгирии ҳамешагии занон ва модарон тадбирҳои назаррас андешида шуда истодааст. Фаъолияти ибратбахши занон хусусан дар самти таъмини волоияти қонун ва адолати судӣ хусусан дар Суди ноҳияи Сино назаррас аст.

Қобили зикр аст, ки тӯли солиёни охир дар қонунгузории миллӣ низ бобати ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва фароҳам сохтани имкониятҳои баробар барои занону мардон, боло бурдани мақоми зан заминаи мустаҳками меъёри — ҳуқуқӣ муҳайё шудааст.

Аз бахри хукуки хеш мекӯш, эй зан,

Бинмой ба иффату шараф ҷома ба тан.

Дар ситоиши зан — модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми кӯҳанбунёди мо ҳамчун фарди озодихоҳ, зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару Гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст.

Нақши модар, махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста мебошад.

Фидои хонаву хони ту, модар,

Фидои нимаи ҷони ту, модар.

Бирезад, ашки чашми мо, бирезад,

Нарезад ашки чашмони ту модар!

Модарон имрӯз фарзандони худро ба камол расонида, ҳамзамон таърихи ояндаи Ватани хеш, гузашта аз ин таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд.

Мо ба шумо, занону модарон ва хоҳарону духтарони меҳрубон, ҳамчун қувваи бузурги ҷомеа боварию эътимод дорем ва аз Шумо тарбиян насли содиқи Ватанро интизорем.

Бори дигар ин айёми фархундаи сол, фарорасии баҳори нозанин ва Рӯзи мубораки модарро ба ҳар яки Шумо табрик гуфта, ба шумоён тани сиҳату хотири ҷамъ, саодати умр, рӯзгори бобаракат ва пешрафту муваффақият таманно дорам.

Ид муборак, модарону бонувони азиз!

 

Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе,

муҳтарам Рушанзода С.Р.