ШАҲРДОРИ ЗЕБОШАҲР ДУШАНБЕ БО ШАҲРДОРАШ ЗЕБОСТ

Гузаштаи пурифтихори таърихи миллати тамаддунофару куҳанбунёди тоҷик гувоҳ ва шоҳиди барҳақ аст, ки ниёгони ободгару сохибфарҳанги мо суннатҳои омӯзандаю ибратбахши меъморию шаҳрсозии дар ҳама асру замонҳо пешқадамона дошта, ин анъанаҳои неки бунёди шаҳрҳоро аз насл ба насл, аз як марҳила ба марҳилаи дигар ба мерос гузошта, ҳамзамон бо тағироту дигаргуниҳои вақт малакаву таҷри- баи офарандагию созандагии хешро такомул бахшида, тадриҷан шуҳрату эътирофи умумиҷахонии онро ноил гардидаанд.

Аслан, аз нигоҳи сиришти маънавӣ ва ҷаҳони ботинӣ, эҷодгарӣ, офарандагӣ ва бунёдсозиву ободгарӣ як хусусияти барҷастаи фарҳанги миллати зебопарасти моро ташкил дода, тоҷикон дар ҳама замонҳои таърихӣ ба харобкорию вайронгарӣ даст назада, баръакс ҳамеша зебоиро тарғиб намуда, мулкҳои хушсимову зебоманзарро асос гузошта, сохтаву зинат бахшида, бо ин унсури маданияти шаҳрофарии худ доимо ҳисси баланду арзандаи ифтихору сарфарозӣ доштанд ва имрӯз низ ворисони ватанпарвару заҳматқарини онҳо ин суннати шаҳрсозии ниёгони соҳибтамаддуни хешро идома дода, ҷабҳаи бузурги созандагию бунёдкориро дар тамоми қаламрави Тоҷикистони озоду мустақил, хусусан пойтахти ободу зебошаҳри он — Душанбеи гулрезу сабздоман бо нишони садоқат ба ин сарзамини аҷдодӣ дар сарҷамъию ҳамбастагӣ бо мақсади саҳмгузорӣ дар раванди рушди миллӣ ва шукуфоию пешрафти ин Ватан ба рох мондаанд.

Душанбе ҳамчун қалби Тоҷикистон, шаҳри сулҳ, пойтахти давлати озоду соҳибихтиёри тоҷикону тоҷикистониён, маъвои меҳр, умед ва ормони мо — ҳамватанон аз файзи истиқлол ва баракати давлатдории хирадсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон босуръат ва бо маром ба сӯи шукуфоии бештар, зебоиҳои нав ба нав ва ободониҳои бепоён тағйири симо мекунад. Аз манзараҳои дилангези Душанбеи нозанин, чаманистону майдонҳои сазбпӯш ва гулрези он сокинони ватандӯсти пойтахт, кулли мардуми шарафманди мамлакатамон, меҳмонони қалби Тоҷикистон, ки аз кишварҳои дуру наздик ба дидори мову сарзамини мо меоянд, хушҳол мегарданд, ба офарандагони ин ҳама зебоиҳои Душанбеи зебошаҳр, xycycан ба шаҳрдори соҳибташаббусу навовар, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ офарину таҳсин мегӯянд.

Воқеан ҳам, дар даврони беш аз ду соли шаҳрдории муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе ба ҳадде обод шуду пешрафт кард, ки чунин рушди босуръатро пойтахти давлати ҷавони тоҷикон дар таърихи зиёда аз навадсолаи худ ёд надорад.

Аз нигоҳи моҳият ва аҳамият бошад, чунин раванди васеъдоман ва калонҳаҷми тадбирҳои сохтмонию бунёдкорӣ арзиши баланди таърихӣ дошта, ҳатман дар китоби таърихи Ду­шанбе ва музаффарияту комёбиҳои айёми истиқлолият ба таври хос сабт хоҳанд гардид. Чунки доира ва вусъати корҳои ободгарӣ ва навсозию зебу зиннатбахшӣ танҳо ба хиёбонҳои марказии пойтахт маҳдуд нашуда, балки ба ҳама гӯшаву канори он, ҳама шаҳраку маҳаллаҳои Душанбе доман паҳн карда, ба ҳар ҷойе аз шаҳр қадам нагузорем, нишоне аз сохтмон, таъмир, ободонӣ, сабзкорӣ, тозагию поккорӣ, ороишу рангдиҳӣ, кабудизоркунӣ ва роҳсозию чароғонӣ ба чашм мерасанд. Вақте ин ҳама майдони кору заҳмати бузурги шаҳрсозии навину муосирро мебинем, ҳисси ифтихорамон боло мегирад, аз неъмати бебаҳои истиқлол, суботу осоиши Ватан, Пешвои муаззами миллат, ки эҳёгару ободгари сарзамини моянд, аз кордонию ташаббускории шаҳрдори ҳимматбаланди Душанбеи зебошаҳр шукргузорӣ намуда, умедамон ба зиндагӣ, эътимодамон ба оянда ва меҳру муҳаббатамон ба ин куҳандиёр меафзояд.

Бартарияти хоси раванди корҳои хуррамгардонӣ дар шаҳри Душанбе аз он иборат мебошад, ки аз иқдомоти созандагии шаҳрдории пойтахт хурду калон бо нишони ҳамрайъӣ ва ҳамовозӣ ҷонибдории васеъ намуда, ҳамагон дар ин ҷодаи бунёдкорӣ бо сарҷамъиву муттаҳидӣ саумгузорӣ мекунанд. Ашхоси ташаббускор, сокинони фаъол ва соҳибкорони ватандӯст низ дар ҷараёни ин маъракаи хуррамгардонӣ азму иродаи қавӣ ва кору амали нек зоҳир намуда, ҳамагӣ мехоҳанд дар рафти ҳиссагузорӣ баҳри шукуфоиву инкишофи бештари пойтахти азизамон мақоми пешсафиро шарафёб шаванд. Чунин ҳамбастагӣ ва ризоияти аҳли ҷомеаи Душанбешаҳр намоёнгари он аст, ки кулли шаҳрнишинон моҳияти иқдому ташаббусҳои пешгирифтаи роҳбарияти пойтахтро дар самти фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтару роҳаттари кору зиндагӣ амиқ дарк намуда, изҳори ният ва омодагӣ менамоянд, ки дар ин ҷода худро дур нагирифта, балки фаъолона ва саҳмгузорона иштироки назаррас дошта бошанд.

Самараи роҳбарии дуруст ва оқилонаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ аст, ки тайи ду соли охир дар қаламрави пойтахт бо ҷалби кормандони мақомоти масъули давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маъракаи бонизоми маърифатбахшию тарғиботӣ ба хотири баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ, маданияти ҳуқуқӣ, афзудани ҳисси эҳтиромгузорӣ ба волоияти қонун, боло бурдани дараҷаи масъулият дар ҷодаи риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва сатҳи одобу муоширати ҷамъиятии сокинон роҳандозӣ гардида, ҳама табақаҳои аҳолии шаҳри Душанбе пазируфта истодаанд, ки сокини пойтахт будан, дар баробари шарафу ифтихор будан, масъулияти шаҳрнишиниро низ тақозо дорад.

Мақоми ҳуқуқии шаҳри Душанберо ҳамчун пойтахти мамлакати соҳибихтиёрамон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, бинобар ин фаъолияти хизматӣ ва ё ҳиссагузории шахсиву ҷамъиятӣ барои обо­донӣ ва хуррамгардонии ин маркази кишвари озоду мустақиламон на танҳо масъулияти шаҳрвандӣ, балки рисолату вазифаи пуршарафу муқаддаси ватандӯстиву ватандорист.

Ҳақиқати бебаҳс аст, ки Душанбеи хушманзар маҳз дар натиҷаи ташаббусу иқдомҳои амаликардаи раиси он муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешги­рифтаи ободонию созандагии Пешвои миллат роҳандозӣ гардид, боз ҳам дилорову ороста шуда, кунун бо симои зеботар ба назар мерасад. Шаҳрдори Душанбеи зебошаҳр муҳта­рам Рустами Эмомалӣ нақшаҳои тозаи обо­донию озодагӣ, хуррамгардонӣ ва шукуфоии пойтахтро таҳти назорати хеш гирифта, ба ин ҳама зебоиҳо зебогии нав зам намуданиянд. Пас метавон бо эътимод изҳор дошт, ки Ду­шанбе бо шаҳрдораш зебост.

Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоёни шаҳрдори пойтахтро ба таври шоиста қадршиносӣ намуда, бо Фармони Президенти мамлакат барои фаъолияти арзандаву самаранок дар Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Раиси шаҳри Душанбе — муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи 2 сарфароз гардиданд, ки басо муносибу ҳақшиносона аст.

Ҷашни худаставу муқддаси 30 — солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пойтахти давлати соҳибистиқлоли тоҷикон — шаҳри Душанбе таҳти раисии оянданигаронаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо туҳфаҳои арзанда истиқбол намуда истодааст. Бунёди садҳо иншооти таъиноти гуногун, хусусан муассисаҳои таълимии ҳозиразамон, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо имкониятҳои бароҳати манзилӣ — маишӣ, марказҳои бузурги тиҷоратӣ, маҷмааҳои азими варзишӣ ва инфрасохтори нақлиётии муосир намоёнгари марҳилаи сифатан нави рушди устувори пойтахтамон буда, заминаи мустаҳкам фароҳам меоранд, ки шаҳри Душанбе ба меъёрҳои ҷахонӣ боз ҳам мутобиқати бештар намуда, ба марҳилаи 30 — юмин солгарди истиқлол бо ҳусну намои куллан навпардозона ворид гардида, ҳамчун симои ҷолиби давлатдории милливу мустақили тоҷикон ва оинаи кишвари озоду маҳбуби тоҷикистониён тантанаҳои идонаи умумиҷумхуриявиамонро шукуҳу саодати бепоён бахшад.