СУДИ САЙЁР ОИД БА ПАРВАНДАҲОИ МАДАНӢ: УНСУРИ МУҲИМИ ДАСТРАСИИ АДОЛАТИ СУДӢ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН
Дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ ҷиҳати таъмини дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар маҳаллаи Панҷруд, суди сайёр оид ба парвандаҳои маданӣ аз ҷониби судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Умарзода М.М. бо котибии Исозода З. баргузор гардид. Баргузории судҳои сайёр оид ба парвандаҳои маданӣ ҳамчун яке аз шаклҳои самараноки амалисозии адолати судӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини шаффофият, ошкоро будан ва дастрасии мурофиаи судӣ барои шаҳрвандон равона гардидааст. Ин таҷриба ба иштирокчиёни мурофиа ва сокинон имконият медиҳад, ки бевосита дар баррасии парвандаҳо иштирок намоянд ва сатҳи эътимод ба ҳокимияти судиро баланд бардоранд. Дар рафти суди сайёр парвандаи маданӣ вобаста ба баҳсҳои гуногун, аз ҷумла баҳсҳои дорои хусусияти молумулкӣ, муносибатҳои оилавӣ ва дигар масъалаҳои ҳуқуқи гражданӣ мавриди баррасӣ қарор мешаванд. Ҳамаи парвандаҳо бо риояи талаботи қонунгузории мурофиавии маданӣ ва принсипҳои баробарии тарафҳо, рақобатпазирӣ (мубоҳисавӣ), қонуният ва адолат баррасӣ гардиданд. Дар ҷараёни мурофиа ба шарҳи ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо, инчунин ба оқибатҳои ҳуқуқии қарорҳои қабулшуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ин омил барои ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии ба вуҷуд омадани баҳсҳои шабеҳ дар оянда аҳамияти муҳим дорад. Бояд таъкид намуд, ки суди сайёр на танҳо воситаи баррасии парвандаҳо, балки василаи муҳими тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ низ мебошад.
Ошкоро будани мурофиа ба баланд гардидани эҳтироми шаҳрвандон ба қонун, масъулияти онҳо ва таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат менамояд. Дар маҷмӯъ, баргузории судҳои сайёр оид ба парвандаҳои маданӣ дар маҳалҳо ба баланд бардоштани самаранокии адолати судӣ, таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мусоидат менамояд. Минбаъд низ чунин таҷриба ҳамчун василаи муҳими татбиқи принсипи волоияти қонун идома дода мешавад. Суди сайёр оид ба парвандаҳои маданӣ ҳамчун унсури муҳими низоми судӣ, на танҳо баррасии баҳсҳоро таъмин менамояд, балки дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва пешгирии баҳсҳои ҳуқуқӣ саҳми назаррас мегузорад.Судяи суди ноҳияи
Синои шҳари Душанбе: Умарзода М.М.
Суди ноҳияи Сино 

