Суди сайёри навбатӣ дар ноҳияи Синои шҳари Душанбе: қонун дар назди ҷомеа адолат дар маркази таваҷҷуҳ
Дар доираи сиёсати давлат оид ба таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, дар бинои МТМУ №56 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе суди сайёри навбатӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баргузор гардид.
Суди мазкур таҳти раёсати судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳтарам Раҳмон Д.С., бо иштироки котиби маҷлиси суди Содиқзода А., намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шаҳрвандон ва намояндагони қонунии ноболиғон доир шуд. Дар ҷараёни суд парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Муҳокима дар фазои ошкор, бо риояи принсипҳои қонуният, адолат ва инсондусти сурат гирифт. Суд зимни баррасӣ ба ҳолатҳои воқеии содиршавии кирдор, дараҷаи гуноҳ, шахсияти ҳуқуқвайронкунандагон, инчунин омилҳои иҷтимоӣ ва шароити зиндагии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Дар натиҷа, нисбат ба шахсони дахлдор чораҳои пешбининамудаи қонунгузории амалкунанда татбиқ гардид. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ на танҳо натиҷаи беэҳтиётӣ ба талаботи қонун, балки инчунин аз сатҳи нокифояи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон сарчашма мегиранд.
Аз ин лиҳоз, суд дар баробари татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба ҷанбаҳои иҷтимоии масъала низ таваҷҷуҳ намуда, зарурати тақвияти корҳои тарбиявӣ ва фаҳмондадиҳиро таъкид кард. Масъалаи ҷалби ноболиғон ба баъзе ҳуқуқвайронкуниҳо ҳамчун яке аз масъалаҳои ҳассоси иҷтимоӣ баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки беэътиноӣ ба тарбияи оилавӣ, назорати нокифояи падару модарон ва таъсири муҳити иҷтимоӣ метавонад ба чунин ҳолатҳо мусоидат намояд. Ҳузури намояндагони қонунии ноболиғон дар раванди судӣ бозгӯи масъулияти муштарак байни оила, ҷомеа ва давлат дар тарбияи насли наврас мебошад. Суди сайёр на танҳо ҳамчун шакли баррасии парвандаҳо, балки ҳамчун минбари муҳими фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ арзёбӣ мегардад. Ин гуна чорабиниҳо ба шаҳрвандон имконият медиҳанд, ки бевосита бо раванди адолати судӣ шинос шуда, масъулияти ҳуқуқии худро беҳтар дарк намоянд. Дар фарҷоми суд таъкид гардид, ки риояи қонун – асоси суботи ҷомеа ва кафили рушди устувори давлат мебошад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими тарбия дар оила ва ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ бо ҷомеа аз муҳимтарин омилҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ба ҳисоб мераванд.Судяи суди ноҳияи
Суди ноҳияи Сино 



