Суди сайёри навбати дар ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Имрӯз дар бинои ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони милитсия ва шаҳрвандон мурофиаи сайёри судӣ аз ҷониби судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Юсуфзода Зубайдулло Раҳматулло баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории чунин мурофиаҳои судии сайёр пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва таҳкими эҳтиром ба қонун дар ҷомеа мебошад.
Тавре маълум аст, риояи қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ яке аз шартҳои асосии таъмини субот ва амнияти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҳар як шаҳрванд уҳдадор аст, ки меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром намояд ва талаботи онро риоя кунад. Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, новобаста аз хусусият ва дараҷаи он, ба тартиботи ҷамъиятӣ таъсири манфӣ расонида, метавонад боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахс гардад.
Баргузор намудани мурофиаҳои сайёр яке аз шаклҳои муҳими корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шумор меравад. Тавассути чунин чорабиниҳо шаҳрвандон метавонанд бевосита бо раванди баррасии парвандаҳои маъмурӣ шинос шаванд ва дарк намоянд, ки риоя накардани талаботи қонун боиси ҷавобгарӣ мегардад.
Дар ҳамин замина бояд таъкид кард, ки мақсади асосии татбиқи ҷазои маъмурӣ танҳо ҷазо додани шахс нест, балки пеш аз ҳама тарбия намудани ӯ дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, пешгирии такрор шудани ҳуқуқвайронкунӣ ва огоҳ намудани дигар шаҳрвандон аз чунин амалҳои ғайриқонунӣ мебошад.
Суди ноҳияи Сино 



