Ҳуқуқвайронкунии маъмурии ноболиғон ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд (таҳлили мукаммали ҳуқуқӣ вобаста бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон)

 

Дар шароити ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, масъалаи таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, махсусан дар байни ноболиғон, аҳамияти хоса касб менамояд. Ноболиғон ҳамчун субъекти махсуси муносибатҳои ҳуқуқӣ дорои мақоми хоси ҳуқуқӣ мебошанд, ки аз як тараф ҳуқуқу манфиатҳои онҳо таҳти ҳимояи давлат қарор дорад ва аз тарафи дигар, рафтори онҳо мустақиман ба сатҳи тарбия ва назорати оила вобаста аст.Дар ҳамин замина, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (КҲМ ҶТ), бо мақсади таҳкими масъулияти иҷтимоии оила ва пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқии ноболиғон, як қатор меъёрҳои махсусро пешбинӣ намудааст. Яке аз чунин меъёрҳои муҳим моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҷавобгарии маъмурии падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунандаро барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи ноболиғон муқаррар менамояд. Аз нуқтаи назари назарияи ҳуқуқ, ҷавобгарии маъмурӣ як навъи ҷавобгарии ҳуқуқӣ буда, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ мегардад ва бо тадбирҳои маҷбурии давлатӣ ифода меёбад. Хусусияти фарқкунандаи он дар он аст, ки он нисбат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ сабуктар буда, бештар характери тарбиявӣ ва пешгирикунанда дорад. Моддаи 90 КҲМ ҶТ як навъи махсуси ҷавобгарии маъмуриро муқаррар менамояд, ки субъекти он на худи ноболиғ, балки падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда мебошанд. Ин ҳолат аз принсипи асосии ҳуқуқи оилавӣ ва маъмурӣ бармеояд, ки тибқи он падару модар барои таълиму тарбияи фарзанд масъул мебошанд. Дар ин замина, объекти ҳуқуқвайронкунӣ муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки ба таъмини тарбияи дуруст, рушди маънавӣ ва иҷтимоии ноболиғон равона гардидаанд. Тарафаи обективи (ҷанбаи берунаи ҳуқуқвайронкунӣ) дар шакли амал (ё беамалӣ) – яъне иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳои тарбиявӣ зоҳир мегардад. Субъекти ҳуқуқвайронкунӣ – падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда (масалан, васӣ, парастор) мебошанд, ки ба синни қобилияти ҳуқуқӣ расидаанд. Тарафаи субъективи бошад, одатан дар шакли гуноҳи беэҳтиётӣ (бепарвоӣ, саҳлангорӣ) ифода меёбад, гарчанде дар баъзе ҳолатҳо метавонад унсурҳои қасд низ ҷой дошта бошанд.Татбиқи ин меъёр танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки як қатор аломатҳои ҳатмии таркиби ҳуқуқвайронкунӣ исбот карда шаванд:

  • мавҷудияти уҳдадории ҳуқуқии падару модар оид ба таълиму тарбияи фарзанд;
  • иҷро нагардидани ин уҳдадорӣ ё иҷрои номатлуби он;
  • робитаи сабабӣ байни беамалӣ ё амали нодуруст ва содир гардидани ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ноболиғ;
  • мавҷудияти гуноҳ (айб) дар рафтори падару модар.

Аз ин бармеояд, ки на ҳар як ҳуқуқвайронкунии ноболиғ ба таври худкор боиси ҷавобгарии падару модар мегардад. Суд ё мақоми ваколатдор бояд муайян намояд, ки оё воқеан падару модар дар иҷрои уҳдадориҳои худ саҳлангорӣ кардаанд ё не. Дар амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ, ин масъала бо таҳлили ҳолатҳои мушаххас, аз ҷумла шароити зиндагӣ, сатҳи назорат, муносибати падару модар ба рафтори фарзанд, иштироки онҳо дар раванди таълиму тарбия ва дигар омилҳо ҳал карда мешавад. Яке аз хусусиятҳои муҳими моддаи 90 КҲМ ҶТ дар он аст, ки он бештар характери превентивӣ дорад. Яъне, ҳадафи асосӣ пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои минбаъда ва таъсиррасонӣ ба шуури ҳуқуқии падару модар мебошад. Ҷавобгарии маъмурӣ дар ин ҳолат ҳамчун воситаи танзими рафтори иҷтимоӣ хизмат мекунад. Татбиқи ҷарима ё дигар тадбирҳои таъсиррасон на танҳо ҷазо, балки як навъ огоҳӣ ва ҳушдор ба падару модар аст, ки онҳо вазифаи худро ҷиддӣ қабул намоянд. Аз нуқтаи назари криминология, оила яке аз институтҳои асосии пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад. Агар дар ин институт камбудиҳо ҷой дошта бошанд, эҳтимоли зиёдшавии рафтори девиантии ноболиғон меафзояд. Аз ин рӯ, қонунгузор бо муқаррар намудани чунин меъёр кӯшиш намудааст, ки нақши оиларо дар низоми пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо тақвият диҳад. Қонунгузорӣ ҷавобгарии ноболиғонро низ пешбинӣ менамояд, аммо он вобаста ба синну сол ва дараҷаи рушди онҳо фарқ мекунад. Дар бисёр ҳолатҳо, ноболиғон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд, аммо дар баробари ин, агар муайян гардад, ки сабаби асосии рафтори онҳо беэътиноии падару модар мебошад, моддаи 90 КҲМ ҶТ татбиқ мегардад. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки қонунгузор масъулиятро ба таври комплексӣ баррасӣ мекунад. Яъне, на танҳо натиҷа (ҳуқуқвайронкунӣ), балки сабабҳои он низ мавриди арзёбӣ қарор мегиранд. Таҳлили амалияи судӣ нишон медиҳад, ки татбиқи моддаи 90 КҲМ ҶТ дар баъзе ҳолатҳо бо мушкилот рӯ ба рӯ мегардад. Аз ҷумла:

  • душвории исботи робитаи сабабӣ байни рафтори падару модар ва ҳуқуқвайронкунии ноболиғ;
  • норасоии далелҳо оид ба сатҳи тарбия ва назорат;
  • мавҷудияти омилҳои беруна (муҳити иҷтимоӣ, таъсири ҳамсолон), ки на ҳамеша ба падару модар вобастаанд.

Бо вуҷуди ин, судҳо бо дарназардошти принсипҳои адолат, инсондӯстӣ ва инфиродӣ намудани ҷавобгарӣ, кӯшиш менамоянд, ки қарорҳои мутавозин қабул намоянд. Дар баробари ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, масъулияти падару модар дорои мазмуни амиқи ахлоқӣ низ мебошад. Қонун танҳо як чаҳорчӯбаи танзимкунанда аст, аммо асоси тарбия аз арзишҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва оилавӣ сарчашма мегирад. Фарзанд, дар ҳақиқат, оинаи хонадон аст. Агар дар ин оина нақши беэътиноӣ, бепарвоӣ ва камбуди тарбия инъикос ёбад, ин на танҳо мушкили як оила, балки мушкили ҷомеа мегардад. Аз ин рӯ, масъулияти падару модар на танҳо ҳуқуқӣ, балки иҷтимоӣ ва виҷдонӣ низ мебошад. Моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз абзорҳои муҳими ҳуқуқӣ дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон ва таҳкими масъулияти падару модар ба ҳисоб меравад. Он бо дарназардошти принсипҳои адолат, инсондӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои кӯдак, ба танзими муносибатҳои оилавӣ ва иҷтимоӣ равона гардидааст.Таъмини тарбияи дурусти насли наврас танҳо дар сурати ҳамкории самараноки оила, ҷомеа ва давлат имконпазир аст. Қонун метавонад роҳнамо бошад, аммо иҷрои воқеии он ба сатҳи шуури ҳуқуқӣ ва масъулияти ҳар як падару модар вобаста мебошад. Зеро тарбияи фарзанд на танҳо уҳдадории ҳуқуқӣ, балки рисолати муқаддаси инсонӣ аст.

Судяи суди ноҳияи

Синои шаҳри Душанбе:            Аҳмадзода Ф.М.