Вохӯрии судяҳои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии 6593 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вохӯрии судманд бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии 6593 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санаи 6 – уми майи соли 2023 бо мақсади дар амал татбиқ намудани Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030, Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2023, дар қисми ҳарбии 6593 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судяҳои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  бо сарбозону кормандон баргузор гардид.