ВОЛОТАРИН САНАДИ ҲУҚУҚӢ

Пас аз имзои Шартномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон давраи нави инкишофи конститутсионӣ оғоз гардид. Дар ин давра назди давлат ва халқи Тоҷикистон вазифаҳои басо муҳим меистоданд, аз ҷумла дар соҳаи таъмини воқеии якпорагии қаламрави давлат ва ваҳдати миллӣ, барқарор намудани хоҷагии аз ҷанг харобгашта, барқарор намудани фаъолияти мақомоти котститутсионӣ, таъмини волоияти қонун, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд.

Конститутсия  шоҳсутун  ва шиносномаи миллат, санади тақдирсози халқи тоҷик мебошад. Дар давраи мураккаби ҷангу низоъҳои шаҳрвандӣ роҳбарияти мо барои ҳифзи адолати иҷтимоӣ  ва таъмини истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ кӯшишҳои зиёдеро анҷом дод. Ватанро аз вартаи нестшавӣ раҳоӣ бахшид. Барои ҳифзи ин арзишҳои муқаддас барои миллати тозабунёд Конститутсияи нав чун обу ҳаво нестшавӣ раҳоӣ бахшид. Барои ҳифзи ин арзишҳои муқаддас барои миллати тозабунёд Конститутсияи нав чун обу ҳаво лозим шуд. 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи нави кишвар қабул гардид, ки чун машъал роҳи ояндаи миллату давлатро рӯшанӣ ва нур бахшид. Ҳамин машъали тобони пурзиё буд, ки ватани азизамон ба пешравиҳои назарас ноил гардид ва аз як мамлакати ҷангзадаи ақибмонда ба мамлакати ободу шукуфон  табдил ёфт.  Конститутсия чун мурғи ҳумоюн, яъне мурғи бахт ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандонро таъмин ва ба низом даровард.

Бо қабули Конститусия, соли 1994 халқи Тоҷикистон ба орзуи деринаи худ расид, чунки дар он қариб ҳамаи арзишҳои умумиинсонӣ таҷассум гардидаанд. Аз ҷумла арзиши олӣ эътироф намудани худи инсон, аз ҷониби давлат кафолат додани ҳаёт ва ҳуқуқи инсон, тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ, ин чунин ҳуқуқ вазифа ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар кардааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин санади конститутсионӣ дар таърихи тоҷикон мебошад, ки аз ҷониби худи халқ, бевосита  дар раъйпурсиии  умумихалқӣ  қабул шудааст. Онро халқи Тоҷикистон бо ҳисси  баланди масъулиятшиносӣ дар назди наслҳои гузашта ҳозира ва ояндаи аҳолии кишвар, дарку эҳсоси таъмину ҳимояи соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он қабул намудааст. Ин меъёри воқеан таърихӣ дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардида, мазмуни ғанӣ ва аҳамияти дар воқеъ калони таърихӣ дорад. Халқи Тоҷикистон Конститутсияи хешро қабул намуда, дар пурра амалӣ гаштани он масъул ва вазифадор аст. Амалӣ гаштани Конститутсия ва меъёрҳои он ва меҳнати ҳамарӯза ва пурсамари шаҳрвандон, масъулиятшиносӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар кори созандаву ободонии кишвар, дарки ҳимояи музаффариятҳои соҳибистиқлолӣ вобастагии калон дорад.

Судяи суди н.Синои

ш.Душанбе

Сафарзода А.З.