ВАҲДАТ- РАМЗИ ОБОДИЮ ПЕШРАФТ ВА СОЗАНДАГИЮ САОДАТИ МИЛЛАТ АСТ.
Бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳони сиёсӣ, хусусан ҳамсоягони марзии мо ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон арзишест бебаҳо ва олӣ. Замоне буд, ки ин муқаддасот, яъне «ваҳдати миллӣ» барои мо на он қадар аҳамият дошт. Вақто ки ҷумҳурии азизамон ғарқаи ҷанги шаҳрвандӣ гашта, миллатро парокандагию нобудшавӣ таҳдид мекард, ин мукқаддасот барои миллати мо неъмати бебеҳою чун боду ҳаво зарур гашт.
Ҳарчанд ибтидои ваҳдати мо рӯзи истиқлоли мо буд, вале моро ба ҳоли худ нагузоштанд: гурӯҳои бадхоҳу натовобин бо тафриқаву ҷудоиандозиҳо тавонистанд, ки вазъи кишварамонро ноором намуда, онро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ бикашонанд. Хавфи нобудӣ ба давлати миллии соҳибистиқлоли навбунёд ва ҳастии миллат таҳдид мекард: кишвар оғӯштаи хун, вайрону валангор гардид.
Ҳамагон, ҳам пиру ҳам ҷавон дар орзӯи оромиву ободӣ буданд.
Ниҳоят тақдир ба рӯйи миллати тоҷик хандид, яъне Худованд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти давлатамон муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомали Раҳмонро сабаб гардонида,
бо хираду заковати ӯ, нотарсию ҷавонмардӣ ва зери хатар мононидани ҷонаш сулҳро дар ҷумҳурии азизамон пойдор гардонида моро ба ваҳдати миллӣ расонид.
Танҳо ёд овардан аз чанд лаҳзаи корномаи Сарвари давлат дар роҳи эъмори сулҳу ваҳдат кофист, то бори дигар зеҳни мо бедор шавад, ки ӯ барои сулҳу субот, оромиву осодагии имрузаи ҳар яки мо, ба ватан баргаштани гурезаҳо чизеро дареғ надошта буд.
Вақте ки ваҳдати милли мегӯем, якдиливу ягонагӣ фарзандони миллатро дар шинохту эътироф ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар назар дорем. Имрӯз вақте ки доир бо ваҳдати миллӣ андеша мекунем, ҳатман моҳият ва зарӯрияти амнияти беназири ваҳдати миллӣ бори дигар дар лавҳи хотир зинда мегардад. Агар бевосита доир ба моҳияти ҳамин суханвора изҳори назар намоем, дармеёбем, ки ба таври мушаххас мазмуну аҳамияти ваҳдати миллиро бозгӯ мекунад.
Дар ҳақиқат, ҳар яки мо имрӯз ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқи давлати соҳибистиқлоли Миллии тоҷикон ба хубӣ эҳсос мекунем, ки ободии Ватани азизимон – Тоҷикистон дар Ваҳдат аст.
Баробари ин, имрӯз мо бо камоли масъулият бояд дарк намоем, ки вазифаи муқаддаси ҳифзу истиқлолу ваҳдати миллӣ бар дӯши мост. Зеро таҷрибаи талхи таърихи халқи мо барои дигар собит месозад, ки ваҳдати миллӣ ҳифзи истиқлоли давлати соҳибистиқлол аст. Ваҳдати миллии мо асоси рушди устувори ҷомеа, таҳкими унсурҳои давлатдории миллӣ, зиндагии шоистаи мардуми сарзамини ганҷхезу гуҳаррез ва сутуни пойдории истиқлолу соҳибдавлатист.
Бе муболиға Ваҳдат-беҳтарин неъмат, пояи таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушду пешрафти сарзамини аҷдодии тоҷикон ва дастоварди беназири миллати мост.
Бо истифода аз ин фурсат тамоми мардуми сарбаланди кишварро бо 25-умин солгарди ба даст овардани ин дастоварди беҳамто шодбош менамоям.
Судяи суди ноҳияи Синои
шаҳри Душанбе:
Сайфуллозода Н.