Конститутсия

Тайи солҳои охир Тоҷикистон дар самтҳои гуногун  пешравиҳои ҷиддӣ  кард, ки онҳо  созгор ба конститутсия  ва  қонунҳои  мо ҳастанд. Аз ин рӯ  солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Контитутсияи Тоҷикистон дигаргуниҳо ворид карда шуданд. Конститутсия аз 10 боб ва 100 модда  иборат буда, чун ифодагари армонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик, самти инкишофи бебозгашти давлатдории  миллати тоҷикро ба сӯи демократия ва бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ  муайян намудааст. Бино ба гуфти сиёсатшиносон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи  контитутсияҳои беҳтарини ҷаҳон эътироф шудааст. Бо  қабули он  дар таърихи давлатдории тоҷикон  таҳавуллоти  бузург ба вуҷуд омад. Он дар роҳи бунёд ва ташуккули  давлатдории миллии тоҷикон, пайвастан бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон  нақши  барҷастаи таърихӣ гузошт. Конститутсия дар рушди давлатдории миллии тоҷикон  нақши муассир дорад, бинобар ин, эҳтироми Конститутсия  ва  арҷ, гузоштан ба он бояд ба одати  ҳар як шаҳрванд табдил ёбад. Зеро, Конститутсия- таҷассумгари моҳияти сиёсӣ, ҳуқуқи ва маънавии давлат аст. Ҳар як фарди  ҷомеаи имрӯза вазифадор аст, ки  ҳар банди  онро  риоя кунад, ҳуқуқу озодӣ, шарафу номуси дигаронро эҳтиром  намояд. Бигзор Конститутсияи давлати демократии мо  ҳамеша қутбнамо ва ифодагари  манфиатҳои  волои  халқӣ,  дорои таърихи бою рангинамон,манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти  давлатӣ, пешбарандаи  ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва сарчашмаи умеду ормонҳои чандинасраи  ниёгонамон  бошад.

Судияи суди ноҳияи Синои

шаҳри Душанбе

Аҳмадзода Ф.