МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 30 СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Иҷлосияи таърихии сарнавиштсоз ва самаранокии идоракунии президентӣ дар низоми давлатдорӣ

Саҳмгузориҳои намоёни таърихӣ ва заҳматҳои фидокоронаву бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама арсаҳои ҳаёти ҷомеа намоён ва назаррас буда, самаранокии идоракунии президентиро дар низоми сиёсиву ҳуқуқии давлатдории миллӣ собит менамояд.

Ба касе пӯшида нест, ки эълони истиқлолият барои миллати тоҷик ба осонӣ муяссар гардид, лек ҳифзи он аз хатари нобудӣ самараи ғайрату шуҷоати Президенти мамлакат аст, аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, балки поягузори истиқлолияти давлатӣ низ ба шумор мераванд.

Бақои миллат, пойдории истиқлолияти давлатӣ, инчунин ноил гардидан ба муҳимтарин дастоварди он — сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ маҳсули хиради бузург, талоши ватандӯстона, ташаббуси ҷасоратмандона ва икдомҳои таърихии Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Президенти кишварамон ҳанӯз аз ибтидои фаъолияти сиёсиву сарварии хеш ба масъалаи ташаккули фазои ҳуқуқии мукаммал ва низоми қонунгузории таъминкунандаи асосҳои рушди давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар барномаи амали хеш ба ин самти фаъолияти хизматиашон то ба имрӯз диққати асосӣ медиҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомгар ва ташаббускори таҳия, қабул ва мавриди амал қарор гирифтани нахустин Конститутсияи замони соҳибихтиёрии давлат ва озодии миллатамон мебошанд.

Чунки Пешвои муаззами миллат огоҳона дарк намуда буданд, ки танҳо бо қабули Конститутсия метавон низоми давлатдории миллиро барқарор намуда, фазои мукаммали ҳуқуқиро ташаккул дод, раванди эҷод ва амалишавии муқаррароти қонунгузории миллиро ба низом даровард ва муҳимтар аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиду ваҳдати миллиро таъмин намуд.

Аз он нигоҳ, ки маҳз қатъият, ҷасорати фардӣ ва сарвариву роҳнамоии Пешвои муаззами миллат буд, ки бо вуҷуди сангинии вазъияти он замон Конститутсияи мамлакатамон таҳия шуда, мавриди муҳокимаи омма қарор гирифт ва ниҳоят тариқи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Президенти кишвари мустақиламон масъулияти ҳомии Конститутсия, кафили истиклолияти давлатӣ ва бақои миллат буданро ба таври шоиста анҷом дода истодаанд, ки далели интихоби дурусти шакли идоракунии президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Лозим ба ёдоварии хос аст, ки боло бурдани эътибори мақомоти судӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои фаъолияти он низ маҳз тавассути таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии доимии Пешвои миллат амри воқеӣ шуд. Бо назардошти нақши муҳими судҳо дар ҳаёти ҷомеа сарвари давлат таъкид намуданд, ки «имрӯз барои ҷомеаи навини тоҷикон суди бо мазмуни аслиаш пурқувват ва боэътимод беш аз пеш зарур аст».

Шинохти тоҷикон ҳамчун миллати ваҳдатпарвар ва ситоиш аз таҷрибаи сулҳофарии мо аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ натиҷаи кӯшишу талоши қаҳрамононаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

Аз ин ҷост, ки мо ба ваҳдати деринтизори тоҷикон аз дилхоҳ паҳлӯ назар кунем, он бо ташаббускориву икдомҷӯӣ ва ватандӯстии Пешвои сулҳофари миллат ба таври абадӣ вобаста аст, зеро ин абармарди сиёсат шоҳроҳи бузурги сарварию давлатдории хешро бо паёми сулҳ оғоз ниҳоданд.

Басо рамзист, ки имсол мо ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамзамон бо 30 — солагии баргузории Иҷлосияи таърихии XVI — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамоем.

Нақши сиёсӣ, эътибори ҳуқуқӣ ва аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хело намоён ва барҷаста мебошад. Бо назардошти ин, Пешвои миллат роҷеъ ба ин иҷлосияи такдирсоз чунин таъкид доштанд:

«Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд. Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз аст, ки барои раҳоии давлати нав баистиқлолрасидаи мо аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард.»

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаҳои аввали роҳбарии кишвар ва сарнавишти мардумро дар Иҷлосияи XVI -уми Шӯрои Олӣ ба дӯши хеш гирифтан бо халк самимӣ буданд ва то имрӯз низ чунин ҳиссиёти наҷиби хешро дар таҷрибаи давлатдорӣ ва фаъолияти мактаби сиёсиашон ҳамчун унсури муҳим ва асоси иртиботи байни сарвари ҷумҳурӣ бо аҳолии он пайваста зоҳир менамоянд.

Пешвои миллат ҳамеша аз чонибдориву пуштибонии халқи шарафманди Точикистон бархӯрдор ҳастанд ва бояд бигӯем, ки на ба ҳар роҳбару сарвар муяссар мегардад, ки тӯли даҳсолаҳо чунин сатҳи баланди пуштибонии афзояндаи мардумӣ дошта бошад.

Тачлили Рӯзи Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин ҷашни қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба ҳиссагузориҳои арзанда ва хидматҳои шоиставу бузурги Пешвои муаззами миллатамон буда, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» зарурати таърихие буд, ки амалӣ гардид.

Талошу кӯшишу беназири Пешвои миллат дар ҷодаи поягузорӣ ва таҳкимбахшии истиқлолияти давлатӣ тавассути эҷоди фазои сулҳ, эъмори низоми ҳуқуқӣ ва қонунӣ, тадбиқи ҳадафҳои стратегӣ, эҳёи иқтисод ва таъмини рушди устувор, беҳдошти сатҳи иҷтимоии шоиста, боло бурдани эътибори байналмилалии Точикистон арзиш ва моҳияти барҷаста дорад.

Танҳо моро лозим аст, ки таҳти сарварию роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ азму нияти қавӣ нишон дода, пайравони содиқу вафодори Пешвои муаззами миллат бошем.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 — солагии баргузории Иҷлосияи таърихии XVI — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи Шумо самимона табрик мегӯям!

Саломату комёб бошед.

 

РУШАНЗОДА СУҲРОБ РУШАН

Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе