Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи рӯзҳои ид”,  16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷашн гирифта мешавад.

Маҳз  дар  ҳамин  санаи  таърихӣ,  яъне 16 ноябри  соли 1994 Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  милли  Пешвои   миллат  мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  бори  нахуст  ҳамчун  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон   дар  назди  халқу Ватан   савганд  ёд   карданд.

Ин   рӯзи  таърихи   таҷассумгари  орзую омори неки  мардум, кафили  сулҳу  оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду  пешрафт  ва   ваҳдату  ҳамдилии  ҷомеъа   мебошад.

Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  милли  Пешвои   миллат    президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  аз   рӯзҳои  аввал  ҳамчун   сарвари   давлат  таҳкими  сулҳ, озодии  сиёсӣ, ташкили Қувваҳои  Мусаллаҳи миллӣ, ҳифзи сарҳадро ҳамчун вазифаҳои  аввалини ҳукумати  нав  муайян кард. Барои  иҷрои  ин  мақсадҳо  ӯ  тадбирҳое,  андешид,  ки  дар  таҷрибаи ягон  давлати    дунё  дида  нашуда   буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин як давраи  басо  мушкили  бӯҳрони сиёсӣ масъулияти бузургро ба зиммаи хеш гирифта, ба он муваффақ шуд, ки манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳалливу минтақавӣ боло гузошта, бо азму иродаи устувор ва сиёсати хирадмандонаи худ миллати парокандаи тоҷикро боз  ба  ҳам оварда, роҳи бунёди давлати  соҳибихтиёр,  демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифт. Ҳалли масъалаҳои  муҳимтарини  давлативу  ҷамъиятӣ, ба даст овардани сулҳу ризоияти  миллӣ, наҷот додани халқу  миллат  аз  вартаи  ҳалокат, анҷом додани сохтмонҳои бузурги аср – нерӯгоҳҳо, нақбҳо, пулҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, мустаҳкам гардонидани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таҳким  бахшидани   фаъолияти  ҳокимияти   судӣ  ва дигар ташкилоту муассисаҳо, ки дар  хоҷагии халқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои онҳо саҳмгузор мебошанд, бо шахсияти бузургу барҷаста Асосгузори сулҳу   ваҳдати   миллӣ, Пешвои   миллат,  Президенти   мамлакат  мӯҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон алоқамандӣ доранд.

Хусусан  иқдомоти  Асосгузори сулҳу   ваҳдати   миллӣ, Пешвои   миллат,  Президенти   мамлакат  мӯҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мавқеи ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини мустақилияти  судяҳо, мустаҳкам  кардани боварии мардум ба дастрас будани адолати судию иҷтимоӣ ва амалӣ гардонидани барномаҳои ислоҳоти  судӣ-ҳуқуқӣ  нақши  бениҳоят  муҳим  дорад. Қабули барномаи мазкур бесабаб набуд, зеро дар шароити имрӯза ҳадафи стратегии ҷомеаи навини Тоҷикистон мэъмори  давлати  демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ, таъмини волоияти қонун ва амнияти ҷомеа, таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ  ва  ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Воқеан ҳам пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ  эҳтиёҷ  ва  пайвастагии  ногусастанӣ дорад.   Ин ҳолат тақозо менамояд, ки ҳокимияти  судӣ пайваста таҳким ва густариш ёбад.

Хусусияти хоси адолати судӣ принсипҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар  назди  қонун ва суд, дар  асоси  баҳсу мунозира сурат гирифтани мурофиаи судӣ, баробарҳуқуқии иштирокчиёни мурофиа кафили муҳими таҳким ва рушди ҷомеаю давлат мебошад.

Барои  ҳамин  ҳам Асосгузори сулҳу  ваҳдати   миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Точикистон мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон барҳак   меъмори  сулҳу  истиқлолияти давлати миллии  мо меҳисобанд.

Ҳамкасбони азиз Рӯзи Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳар яки Шумо муборак бод.

Судяи Суди ноҳияи Синои

шаҳри Душанбе

Аҳмадзода Ф.М.