Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ ташкил ёфта, ҳаёти навини худро оғоз намуд, вале дар чунин давраи ҳассос қувваҳои гуногуни сиёсӣ роҳҳои ғайриконститутсиониро пеш гирифта, гирдиҳамоии шадидро давом дода, соҳибистиқлолии ҷумҳуриро зери хавф гузоштанд.

16-уми ноябри соли 1992 дар толори Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот дод.

Воқеан, он замон, яъне аз моҳи сентябри соли 1992 кишварро буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта буд, ки метавонист Тоҷикистонро нобуд кунад, дар моҳи октябри ҳамон сол Ҳукумати ҷумҳурӣ ба сабаби авҷ гирифтани даргириҳои низомӣ байни неруҳои мухталифи сиёсӣ фалаҷ гардида буд. Пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе ба саҳнаи даргириҳои мусаллаҳона ва ҷанги бародаркуш мубаддал шуд ва Тоҷикистонро фалокати аз байн рафтан таҳдид мекард.

Сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ин Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ба шумор мерафт, ки аз ҷумла он вақт ҳамчун раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон чунин суханҳои таърихиро баён намуда буданд: “Ман ҳамчун сиёсатмадор аз рӯи тақдир ба шароити таърихии худ ба сарварии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои душвори муқовимат омадам, ки ҳар рӯзи ҷангро аз байн бурдан, ба Ватан ҳар чӣ зудтар сулҳ ва созиш овардан, ин мақсади олии ман буд, ки барои ба даст овардани он ҳеҷ чизро дареғ намедоштам”.

Баъди анҷоми Иҷлосияи таърихии ХVI – уми Шӯрои Олӣ Раиси навинтихобшудаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардондани муҳоҷирин ба Ватан ва оғози музокирот бо мухолифини собиқ равона намуд, инчунин ба шаҳри Душанбе омад ва пеш аз ҳама, бо барномаи муҳими сиёсӣ ба халқи шарифи кишвар муроҷиат намуданд, ки бояд ҳарчи зудтар дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ барқарор гардад, гурезаҳо ба шаҳру деҳот ва  манзили худ баргардонида шуда, бо сару либос, хӯрокворӣ таъмин шаванд. Фаъолияти мунтазами корхонаву муассисаҳо ва хоҷагиҳо ба роҳ монда шуда, артиши миллӣ таъсис дода шавад ва амнияти давлатӣ таъмин гардад.

Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти таърихӣ дошта, дар бобати ҳалли маҷмӯи мушкилоти ҷомеаи оташгирифта ва роҳҳою усулҳои ба эътидол овардани вазъияти мамлакат 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон, 1 изҳорот қабул намуд, ки аз як тараф, салоҳияту ваколати онро собит менамуданд, аз тарафи дигар он санадҳо барои солҳои баъдии мардуми кишвари дорои собиқаи бузурги таърихӣ чун як барномаи мукаммал ҳисоб меёфтанд.

Барои ба эътидоли комил овардани вазъияти дохилии кишвар нақши Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хело назаррас мебошад. Сарнавишти ояндаи мамлакатро ба мақсади таъмини сулҳу салоҳ, ободии кишвар ва беҳбудии зиндагии мардумро  муайян намуд.

Дар маҷмуъ, метавон хулоса намуд, ки Иҷлосияи таърихии тақдирсоз ба фаъолияти қонунгузории давраи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол замина гузошт, масъалаи аввалиндараҷаи бозсозии Ватан ва пешбурди рушди иқтисодиро ҳамчун вазифаи асосӣ нишон дод, гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ва рушду нумӯи иқтисоди Тоҷикистонро заруртарин масъала ҳисобида, иҷрои онро тақозои замон номид, заминаи таҳкими робитаҳои бисёрсамтаро бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ гузошт, сохти конститутсиониро барқарор намуда, харобшавии пурраи низоми иқтисодии мамлакатро пешгирӣ намуд ва ба татбиқи дигаргуниҳо дар иқтисоди кишвар ибтидо гузошт.

Солҳо мегузаранд, аммо аҳамияти таърихӣ ва тақдирсози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таърихи халқи мо абадан боқӣ хоҳад монд.

Ба ҳар яки Шумо 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муборакбод мегӯям.

Судяи суди ноҳияи Синои

шаҳри Душанбе

Искандарзод А.