ЭЪТИБОРИ ҲУҚУҚӢ ВА АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

Иҷлосияҳо дар низоми парлумондории миллии кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамасола аз рӯи тартиби хос гузаронида мешаванд. Лек дар ин миён нақши сиёсӣ, эътибори ҳуқуқӣ ва аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон басо бузург ва беназир аст. Зеро дар ин ақли солим ва нияти сулҳҷӯёна дастболо шуду фарзанди барӯманди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлати миллии тоҷикон интихоб шуданд. Дар ҳамон иҷлосияи тақдирсоз ва таърихӣ азми қатъӣ ва собитқадамонаи Сарвари давлат эълон гардид, ки тамоми кӯшишу талоши хешро ба харҷ хоҳанд дод, то ҷан­ги шахрвандӣ ҳарчӣ зудтар хотима ёбад, мардуми фирорӣ то охирин нафар ба Ватан бозгарданд, иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва сохторҳои давлатии фалаҷгардида эҳё шаванд.

Расидан ба сулҳи ниҳоӣ ва наздик овардани рӯзи ваҳдат аз баргузории ҳамин иҷлосияи таърихӣ ибтидо гирифт. Дар ин роҳ монеагузориҳо ва нофаҳмиҳо зиёд буданд. Аммо чун роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ дар азми худ қотеъона амал мекарданду мақсади аслиашон ризоияти миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа буд, дар охир ҳуҷҷати ниҳоӣ ба имзо расид, ки ба навъи худ падидаи муҳим ва оғобахши марҳилаи нави таърихи сиёсии даврони мустақилияти миллӣ гардид.

Аз иҷлосияи XVI шуруъ намуда, бо таваҷҷуҳи асосӣ ва диққати махсуси Пешвои миллат дар кишварамон бо таҳияву мавриди амал қарор додани санадҳои қонунии ҷавобгӯи эҳтиёҷи замон ва фароҳамоварандаи заминаҳои инкишофу тараққиёти соҳаҳои гуногун таҳкурсии боэътимоди ҳуқуқӣ асос гузошта шуда, сол то сол торафт собиту маҳкамтар мегардад.

Чунки Пешвои миллат ҳамчун роҳбари закиву дурнигар ҳанӯз дар солҳои вазнини ошӯбҳои мусаллаҳонаи дохилӣ дарк намуда буданд, ки танҳо ҳарфу меъёри қонун ҷомеаро аз бенизомӣ ба низом ва аз вартаи нобудӣ ба арсаи бақову пойдорӣ оварда мерасонад. Ғувоҳи равшани ин

сухан ҳамон иҷлосияи тақдирсози XVI Шу­рои Олии ҷумҳурист, ки аз нигоҳи қабули қонунҳои барои он замон зарурӣ ва саривақтӣ басо пурбор буд ва метавон гуфт, ки дар масири поягузорӣ ва ташаккули минбаъдаи фазои ҳуқуқии даврони истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон ва санги асос гузоштан ба бунёди кохи муҳташами низо­ми қонунгузорӣ ва қонунэҷодкунии миллӣ нахустин талошу саҳмгузории шоиста буд.

Саҳмгузориҳои намоёни таърихӣ ва заҳматҳои шоёну фидокорона ва бузурги Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама арсаҳои ҳаёти ҷомеа намоён ва назаррас буда, далели ин гуфтаҳо моддаи якуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои мил­лат» мебошад, ки дар он чунин зикр шудааст: «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гу­зошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги такдирсоз намудааст».

Агар дар иҷлосияи қисматсози XVI Шу­рои Олӣ сохти давлатдорӣ, бунёди ҷомеаи озод, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян гардида бошанд, бо қабули конститутсия баҳри ташаккули ни­зоми нави қонунгузории мамлакати соҳибистиқлоламон заминасозӣ гардид, ки ин ҳама низ аз самараи талошу шоҳкории истиқлолсозона ва истиқлолхоҳонаи Пешвои муаззами миллат мебошад.

Нақши сиёсӣ, эътибори ҳуқуқӣ ва аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон хеле намоён ва барҷаста мебошад. Бо назардошти ин, Пешвои миллат чунин таъкид доштаанд:

«Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вукӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд. Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз аст, ки барои раҳоии давлати нав баистиқлолрасидаи мо аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард».

Бо ҳисси сарфарозӣ ва ифтихормандӣ бояд бигӯем, ки марҳалаи нави эҳёи мил­лати  тоҷик аз иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ҳамчун муҳимтарин зуҳуроти тақдирсоз оғоз ёфта, ҳамаи дастовардҳои даврони соҳибистикдолӣ аз поён додани ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба Ваҳдати миллӣ, бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, тантанаи адолату қонуният, арзиши олӣ эътироф намудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, тадбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, то боло рафтани эътибори байналмилалии Тоҷикистон, пойдории фазои суботу ризоияти миллӣ ва таъмини зиндагии шарофатмандонаи аҳолӣ ҳамагӣ аз са­мараи баргузории ин иҷлосияи таърихӣ ба шумор меравад.

 

 

Раиси суди ноҳияи Синои

 шахри Душанбе

Рушанзода Суҳроб Рушан