Мулоқоти судяҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Мулоқоти навбатии судяҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид.Дар доираи вохӯрӣ ба иштирокчиён нуктаҳои асосии Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Таъкид гардид, ки Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ самтҳои асосии фаъолияти тамоми соҳаҳоро мушаххас намуда, иҷрои ҳар як банди он моро ба дастовардҳои нав ноил хоҳад кард. Зикр карда шуд, ки таваҷҷуҳи зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими инфрасохтори соҳаи маориф ва фароҳам сохтани шароити мусоиди таҳсил ҳар як ҷавонро водор месозад, то илмҳои муосирро аз худ намояд ва ҳамчун мутахассиси варзида дар пешрафти ҷомеа саҳми назарраси худро гузорад. Ҳамзамон иброз гардид, ки омӯзгоронро низ зарур аст, донишҷӯёнро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоянд ва барои иштироки фаъолонаи онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода баранд. Судяҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар идомаи мулоқот оид ба нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи шароити имрӯзаи ҷомеа ибрози назар намуданд. Қайд гардид, ки ҷавонон нерӯи пешбарандаи давлату миллат буда, тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ вазифаи аввалиндараҷаи тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа маҳсуб мешавад.