Нақши иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдорӣ

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби хоҷагии ба номи  Саидхуҷа Урунхуҷаеви  шаҳри Хуҷанд баргузор  гардида буд, воқеъан  иҷлосияи таърихи буда боиси ифтихори ҳар  шахси  ватандӯсту  худогоҳ ва ниҳоят  миллати тоҷик мебошад. Зеро  замоне, ки  иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  мешуд, бисёр замони вазнин ва ҳассос буд. Дар он рузҳо, ашхоси  ҷудоихоҳу  ҷоҳталаб бо мақсади  расидан ба ҳадафҳои сиёсию иқтисодӣ мардумро ба  майдонҳо кашида, миёни онҳо шурӯ қиём барпо менамуданд, гурӯҳҳои  ҷиноятпешаву афроди мусаллаҳи ҷинояткор ба қатлу куштор ва дуздиву ғоратгарӣ даст зада  одамони  бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум ва молу-мулки эшонро аз худ менамуданд.  Сокинони гӯшаю канори кишвар ба гумроҳи афтида, ҷавононро  гурӯҳҳои  мухталифи муқобили давлат ба ҳар  роҳу  восита гумроҳ сохта, бар  зидди  ҳамватану ҳаммиллату хонаводаи  худ мешурониданд.  Дар он давра касе дар бораи мусолиҳаи тоҷик фикр ҳам намекард, манфиатҳои  шахсиву гурӯҳӣ болотар  аз манфиатҳои  миллӣ  меистоданд. Қисми зиёди шаҳрвандони мамлакат бахусус ҷавонон  дар зери таъсири  идеологияҳои  гуногун ба як саргумӣ афтода  буданд. Инсонҳоро ақлу хирад, меҳру шавқат  гуё тарк карда буданд. Мардуми тоҷикро тарс аз барҳамхурии давлат ва  парокандагии халқи тоҷик  фаро гирифта буд.  Шаҳрвандон аз ҳар гӯшае умед ба рӯзгори нек ва зиндагии осоишта мекарданд. Ҳукуматдорони замон тавонистанд ба ҳама мушкилиҳо нигоҳ накарда дар чунин вазъияти пурмоҷаро  иҷлосияи 16-уми Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12-умро  баргузор намоянд. Дар иҷлосияи мазкур Ҳукумати навтаъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро, ки ҳануз 1-сол истиқлолият дошт, мебоист роҳбари хирадманд, мушфиқу ғамхор ва шахсеро интихоб  намоянд, ки  тавонад вазъро ором ва зимоми давлатдориро ба даст гирад. Сокинони кишвар таҳавуллотеро  интизор буданд, ки  рузгорашонро ба куллӣ дигаргун намуда,  онҳоро аз гирдоби ноамнӣ, тарсу ҳарос, нобоварӣ ва ноумедӣ берун мекашид ва ин таҳаввулот  Иҷлосияи 16-уми Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Таърих  гувоҳ аст, ки  давлатдорӣ ва соҳибватанӣ ба халқи тоҷик меросӣ аҷдоди буда, ин миллат тавонистаст новобаста аз ҳама бурду бохтҳо меҳвари илму фарҳанг ва тамаддуни ҷомеъаи  замони хуб бошад. Чунин буд, ки вакилони мардуми аз 230-нафар, ки 197-нафар дар кори иҷлосия  иштирок доштанд  бо ақлу хиради  азалии аҷдоди амал намуда дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тарафдории 186-нафар вакил, Раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб, вакили мардуми Эмомали Раҳмонро, ҳамчун ҷавони кордон, болаёқату боистеъдод ва ҷасуру-ҷолок, ки тавонад роҳбарии вакилони мардумиро ба душ гирад ва низоми давлатдориро барқарор кунад, ба вазифаи Раиси  Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбари карда, интихоб намуданд. Эмомали Раҳмон  новобаста аз  вазъияти  ҷойдошта, ки  фишоровариҳои гуногуни мазҳабию манфиатҷуёна рафти  кори  иҷлосияро  халал месохтанд ба тамоми масъулият ин вазифаро  ба душ гирифт ва нахустсуханони ӯ барқароркунии сулҳ дар кишвар, сохти консититутсионӣ ва баргардонидани гузерагони иҷбори ба ватан буд, ки ҳангоми садо доданаш дар толор вакилони мардумӣ ва намоиш доданаш бо воситаи оинаи нилгун сокинони  кишварро ба ваҷҳ оварда ҳисси ватандустии онҳоро боз ҳам мустаҳкамтар намуда буд.

Ба суханони  Сарвари давлат аз мавқеи имрӯз  ва раванди воқеъаву рӯйдодҳои  зиндагӣ назар  афканем, бо ифтихор таъкид менамоем, ки суханронӣ ва фаъолияти  амалии  Президенти кишвар дар ин Иҷлосия ба  қабли мардум  роҳ  ёфта, меҳру муҳаббат, боварӣ ва  самимияти  бошандагони  мамлакатро ба ин  сарвари  ҷавону дурбин  бештар  намудаст.

Аз диди дигар иҷлосияи 16-уми Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро сарчашмаи ваҳдати милли, баҳамоии миллати тоҷик  ва сулҳи комил дар Тоҷикистони азизамон метавонист номид. Аз ин рӯ беҳуда нест, ки ин иҷлосия дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷик бо номи иҷлосия тақдирсоз сабт шудааст.

Аслан сулҳӯ ошти  кори саҳлу осон набуда, ҷоннисориҳо ва гузаштҳоро талаб мекунад. Барои ба даст овардани сулҳ ҷонибҳои мухолиф ҳар гуна гузаштҳо мекунанд. Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан дар бораи  масъалаи ҷиддӣ-нигоҳдошти  якпорчагии  Тоҷикистон  мерафт. Ин аст, ки масъалаи мазкур кори асосии  иҷлосия буд.  Маҳз дар чунин  вазият қувваҳои  солим ва иштирокчиёни  Иҷлосия тавонистанд, муттаҳид гардида, манфиатҳои қавмӣ,  маҳаллӣ ва минтақавиро танг карда, бар зидди  тамоюлҳои  зиддимиллӣ мавқеъи устувор ишғол ва эҳёи  давлати  миллиро  аз рисолати  муҳими Иҷлосияи 16 Шӯрои  Олӣ шуморанд.

Сарвари давлат дар асари худ  «Истиқлолияти Тоҷикистон   ва эҳёи миллат» (Душанбе, 2002, нашр. «Ирфон» ҷилди 4, саҳ-99) оиди оштии миллӣ ва таъмини сулҳу субот фармудаанд, «Ман  аз рузҳои  аввали  фаъолиятам ҳамчун сарвари  давлат моҳи ноябри  соли 1992 дар ҷараёни Иҷлосияи  таърихии  парлумони мамлакат изҳор карда  будам, ки  созгорӣ миллӣ, роҳи  ягонаи  тараққиёти минбаъдаи  Тоҷикистон аст ва танҳо сулҳ  ғояи  умумимиллӣ мегардад, ки  халқи моро  муттаҳид сохта тавонад». Метавон гуфт, ки ҳануз 30-сол муққадам роҳбари тозаинтихоби кишвар нақшаи сулҳу-суботро  таҳрези намуда, кафилии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва идоракунии давлатро ба душ гирифта буд, ки имруз ҳар яки мо амалан татбиқи нақшаи мазкур бо чашмми сар дидем.

Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони иҷлосия як қатор  қонуну қарорҳое қабул карданд, ки  онҳо асоси   ба даст  овардани  ризоияти  миллӣ ва ба ҳам  омадани  қувваҳои  солими  ҷомеа гардиданд.  Аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи  рӯзи сулҳ ва ризоияти  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани  26-ноябри соли 1992, «Дар бораи  аз ҷавобгарии  ҷиноӣ, интизомӣ ва  маъмурӣ озод кардани  шахсоне, ки  дар давраи  аз 27-март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои  даргир ҷиноят ва амалҳои  ғайриқонунӣ содир карданд, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи  Низомномаи парчам  ва Нишони давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дар бораи сохтори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун иқдомҳои  роҳбарияти  навинтихоби  ҷумҳурӣ барои расидан  ба оштии миллӣ буд, ки ин амалҳо  бешак сулҳи  деринтизори   тоҷиконро тезонд.

Роҳбари тозаинтихоби кишвар бо ҳайати нав, акнун  масъулиятеро бар душ доштанд, ки дар барбари ба эътидол овардани вазъи дохили кишвар муносибатҳои ҳамкориро бо давлатҳои дигар барқарор намуда, мавқеъи давлати тоҷикро дар арсаи байналмилали муайян мехостанд.

Он шабу рӯзҳо масъалаи муҳим  ҳам дар сиёсати  дохилию ҳам хориҷии кишвар ба ҷои муқимии худ баргардонидани  гурезаҳою муҳоҷирони иҷборӣ, барқарор намудани  манзилу маскани  харобгардидаи  онҳо  ва фурӯ  нишондодани оташи ҷанги  бародаркуш буд.  Дар ҳалли ин масъала  роҳбари навинтихоби  ҷумҳурӣ аз ҷомеаи  ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои  бонуфузи байналмиллали  даъват ба амал овард. Дар натиҷа оғоз аз соли  1993 раванди  бозгашти  шаҳрвандон ба  ҷойҳои зисти  доимиашон, алалхусус аз Афғонистон шурӯъ шуда, он давому ду  сол  идома ёфт. Дар натиҷаи заҳматҳои пайгирона қариб тамоми 1-миллион  гурезаҳо  ба Ватан баргаштанд. Сохти конститутсиони, сохторҳои фалаҷгаштаи ҳокимияти давлатӣ барқарор шуда, фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон  таъмин ва  мардуми кишвар рӯ ба зиндагии тенҷӯ ором ниҳоданд.

Чун имрӯз он ҳама   давраҳои  вазнин  паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд бо ифтихор метавон гуфт, ки халқи тоҷик таҳти сарварии  фарзанди бузургаш, пешвои тоҷиконӣ ҷаҳон, сармеъмори сулҳ Эмомолӣ Раҳмон  дар роҳи созандагию бунёдкорӣ қарор  дорад. Дар татбиқи  нақшаҳои  муайяннамудаи  Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор баҳри пешрафту тараққиёти  Тоҷикистони азиз мегузорем. Дар Ҷумҳури раванди  бунёдкорӣ  эҳё гардида, сохтмонҳои азими аср ба монанди роҳҳои мошингард, нақбҳо, неругоҳҳои обӣ барқӣ, хатҳои баланшиддати  интиқоли  нерӯи барқ, барқарор намудани садҳо пулҳо, бунёди садҳо муассисаҳои  таълимиву фарҳангӣ ва  иҷтимоӣ, тақсими заминҳои  наздиҳавлигӣ барои беҳтар кардани  шароити  иҷтимоии шаҳрвандон,  корам сохтани  заминҳои нав ва нақшаҳои аз бунбасти комуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон, далели  бунёдкорию созандагии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик аст, ки аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манша  мегирад.

Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати  Иҷлосияи тақдирсози  миллат мартабаю манзалати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар арсаи ҷаҳонӣ рӯз ба рӯз боло меравад.  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 ба узвияти  СММ дохил гашта, айни замон онро тамоми давлатҳои ҷаҳон ба расмият шинохта,  узви созмонҳои бонуфузи байналхалқи ва минтақавӣ буда, дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳон саҳми сазовор мегузорад.

Иҷлосияи 16 Шурои Олии ҶТ воқеаи бузургест, ки дар таърихи навини мо ва дунё назир надорад ва мо маҳз ба шарофати он ба ҳаёти осоиштаву  созандаги расидем. Рушд ва  таҳкими давлатдории навину истиқлолияти воқеии Точикистон, якпорчагии он, ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амали гардидани  ислоҳоти сиёси, ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимои дар роҳи бундёи ҷомеаи шаҳрванди аз Иҷлосияи 16 Шурои Олии ҶТ ибтидо мегирад. Меҳнату заҳматҳои  сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аҳлӣ ҷамоатчигӣ ва зиёи кишвар,  вакилони мардумӣ, ҷонибҳои мусолиҳакунанда барои пойдории сулҳ дар кишвар, ки имруз зиндагии осоишта насибо мо аст, боиси таҳсин ва сипосгузорист.

Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи Шумоён ҳозирини гиромӣ  ва халқи тоҷики азизамонро бо таҷлили 30-умин солгарди  Иҷлосияи тақдирсозӣ  16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда ба Шумоён рузгори нек, зиндагии осуда ва  пойдории сулҳу давлати ҷовидонаи Тоҷикистонро таманно дорам.

 

Судяи Суди ноҳияи Синои

шаҳри Душанбе

Юсуфзода З.Р.