РӮЗИ ПАРЧАМ

Эҳтироми арзишҳои миллӣ аз ҷумла Қонститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин радиф Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намудаанд, ки «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода намудааст».

Парчами миллӣ ифодагари ору номус, шаъну шараф ва эътибори милливу давлатии тоҷикон буда, муҳаббат ва ифтихори доштани он дар рагу пайванд ва қалби ҳар ватандор маъво гирифтааст. Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.

Парчам ҳуввият, озодагӣ ва ғуруру номуси миллати асилзодаи мост! Бошад, ки ин нишони соҳибдавлатии мо ҳазорсолаҳои дигар низ парафшонӣ кунад.

Муҳтарам Раис! Ҳамкасбони гиромӣ бо истифода аз ин фурсат, рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро бам ҳамаи Шумо муборакбод мегӯям!

Судяи суди ноҳияи Синои

шаҳри Душанбе,

Сайфуллозода Нодира.