Суди сайёри навбати вобаста ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Имрӯз дар доираи нақшачорабини вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе суди сайёр вобаста ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баргузор гардид. Мурофиаи мазкур таҳти роҳбарии судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Аҳмадзода М.Ф. дар кӯчаи Раҳмон Набиев, 250, дар бинои маркази фуруши мошинҳои “GEELY” бо иштироки намояндагони ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон баргузор гардид.
Баргузории судҳои сайёр яке аз шаклҳои муҳими фаъолияти мақомоти судӣ ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, таҳкими қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат менамояд. Ҳадафи асосии чунин чорабиниҳо на танҳо баррасии парвандаҳо, балки пеш аз ҳама таъсири тарбиявӣ ва пешгирикунанда ба шаҳрвандон мебошад.
Тавре маълум аст, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ амал ё беамалии шахсест, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, барои он ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст. Мувофиқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки қонунҳоро риоя намуда, тартиботи ҷамъиятиро эҳтиром намояд. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ, ҷавобгарии маъмурӣ яке аз воситаҳои муҳими таъмини иҷрои қонунҳо ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Татбиқи чунин ҷавобгарӣ ба он равона шудааст, ки ҳуқуқвайронкуниҳо сари вақт пешгирӣ гардида, дар ҷомеа эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба қонун тақвият ёбад. Аз ҷиҳати тарбиявӣ бошад, баргузории суди сайёр барои шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, аҳамияти калон дорад. Зеро онҳо метавонанд раванди баррасии парвандаҳоро мустақиман мушоҳида намуда, дарк намоянд, ки ҳар як ҳуқуқвайронкунӣ оқибатҳои ҳуқуқӣ дорад. Ин ҳолат дар навбати худ ҳисси масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба қонун ва риояи тартиботи ҷамъиятиро дар ҷомеа тақвият мебахшад. Яке аз вазифаҳои муҳими ҳокимияти судӣ ин на танҳо татбиқи адолати судӣ, балки саҳм гузоштан дар тарбияи ҳуқуқии ҷомеа мебошад. Суди сайёр ҳамчун воситаи муассири тарғиботи ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон фаҳмонда медиҳад, ки риояи қонун асоси суботи ҷомеа ва рушди давлат мебошад. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки эҳтиром ба қонун, риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеа аз муҳимтарин арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.
Суди ноҳияи Сино 



