Ташаккули Пешвои миллат аз Иҷлосияи ХVI тақдирсоз.

Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик тақдирсоз буда, аҳамияти таърихӣ дорад, чунки дар ин иҷлосияи таърихи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ боз дошта, ҳукумати қонуни барқарор карда шуд, ба пойдевори сулҳу салоҳ асос гузашта, барқарор кардан ва инкишофи хоҷагии халқ сар шуд.

Дар иҷлосия тасдиқ гардидани рӯзномаи он, баъд аз он интихоби роҳбари давлат яке масъалаҳои муҳим хисобида мешуд. Чунки рафти кори иҷлосия, муҳокима, қабули қарор ва хулосаҳои судбахш аз бисёр ҷиҳат ба сарвари нави давлат вобастагии калон дошт. Ман ҳамчун тарҷумони иҷлосияи таърихӣ дар муҳокимаи ҳамаи масъалаҳои асоси бо қадри имкон ширкат варзида будам. Дар асоси маслиҳати комиссияи муросои миллӣ (38 нафар) тамоми аъзоёни Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумат, сарварони вазорату кумитаҳо ва дигарон ба истеъфо рафтанашон лозим буд, ҳамин хел ҳам шуд. Аммо бо супориши баъзе қувваҳо Раиси Шӯрои Олӣ Акбаршо Искандаров ба истеъфо нарафт ва тибқи қонун бо роҳи овоздиҳии расми он кас аз вазифа озод карда шуд. Баъд аз он дар асоси пешниҳоди вакилони мардумӣ номзадҳо ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар он вақти мураккабу бесару сомонӣ дар асоси Конститутсияи амалкунандаи ҷумҳурӣ сарвари давлат ҳисобида мешуданд, номзадҳо пешниҳод карда шуд, Дар аввали иҷлосия номзадҳо пешниҳод карда шуда, бо сабабҳои объективию субъективӣ номзадиашонро боз доштаанд. Сипас, аз тарафи вакили мардумӣ аз минтақаи Кӯлоб А.Мирзоев номзадии вакили мардуми Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод намудаанд, ки ин таклифро аз номи вакилони мардумӣ тарафдорӣ карданд. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аз 197 нафар вакилони мардуми 186 нафар ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмонов 11 нафар зидди номзадии ӯ овоз доданд. Дар натиҷа 19 ноябр Эмомалӣ Раҳмон – собиқ Раиси комиҷроияи вилояти Қӯлоб, вакили мардуми, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки дар як вақт иҷрокунандаи вазифаи Президенти ҷумҳурӣ низ ба шумор мерафт. Гирифтани унвони Пешвои миллат – асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз Иҷлосияи тақдирсози миллат ХVI сарчашма мегирад.

Мо кормандони ҳокимияти судии мамлакат ба ҳамаи ин ғамхориҳо ҷавобан ваъда медиҳем ҳар як лаҳза зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста аз паи таҳким бахшидан ба пояҳои давлатдорӣ, пешгири намудани сатҳи ҷинояткорӣ, қонуният тартиботи ҳуқуқӣ, ба амал баровардани адолати судӣ, баҳри обод гардонидани Ватани маҳбубамон Тоҷикистони беназир самимона ва фарзандона хизмат намуда, ҷонибдор ва пайравони асили сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳем монд.

 

Судяи Суди ноҳияи Синои

шаҳри Душанбе

Абдураҳимзода Л.А.